ЊАБИБИ ХУДО

Таътилоти Наврўз бо занам ва писарам озими сафар будем. Се-чањор соат ронандагї карда будам ва њанўз то маќсад њудуди понздањ киломер монда буд. Нишонии сари роњ  нишон медод, ки то Исфањон бист километр фосила дорем. Мусиќї монда будем, хамроњони ман њама хоб буданд. Роњро нигоњ мекардам. Як лањза нигоњ кардам, ки дар роњ чуќурие мављуд аст. Фурсат нашуд мошинро нигоњ дорам, зад, чархи мошин кафид, мошин аз роњ берун шуд. Шукри худо, ки мошин ба чизе барнахўрд, аммо зану писарам тарсиданд. Бо мушкилї чархро иваз кардам. Баъди ним соат вориди Исфањон шудем. Соат аз нимаи шаб гузашта буд, аммо лозим буд як чархи мошини нав бихарам.

Аз интернет раќами устои мошинро пайдо кардам. Тамос гирифтам. Марде посух дод: “Њозир писарамро овардам бемористон. Биё хиёбони Њаким Низомї. Лавозимоти ман онљост”. Ним соат баъд он љо будам. Мошини сафедранге истод. Марди љавони варзидае пиёда шуд. Чароѓњоро рўшан кард. Дањ-дувоздањ чархи мошинро берун овард ва копрессорро лаби хиёбон овард.

Дастгоњњои лозимро рўшан кард. Мошинро боло бардошт. Чархашро дуруст кард. Чанд чархи дигар барои рўзи мабодо дар мошин гузошт. Чархњо мошинро ба танзим даровард. Њамаи корњоро бо хушнудї анљом дод.

Албатта, лабхандаш бесабаб набуд. Зеро пули њамаи ин лабхандњоро аз ман мегирифт. Худро барои пардохтани пул омода намуда будам, баргаи њисобро навишт. Даќиќан муодили маблаѓе, ки дар як рўзи маъулї дарёфт мекард. Шумораи корти бонкашро зери баргаи њисоб навишт ва гуфт: “Шумо мусофиред, баъд аз сафар маблаѓро ба њисобам бирез”.

Аз чењрааш мушаххас буд, ки њамаи ин зањматњоро фаќат барои ин тањаммул кард, ки ман дар роњ намонам.

Ќасдаш фаќат ин буд, ки кори як нафарро анљом дињад. Бо њолате шарманда ва мутааљљиб шудам, ташаккур кардам ва гуфтам: “Иншооллоњ, ки тавонам љуброн кунам”. Муњрашро зери баргаи њисоби ман гузошт ва гуфт: “Муштарї барои ман намояндаи Худост, ки рўзии њалолро бароям меорад. Ниёз ба љуброн нест. Худорањматї бобоям мегуфт: “Саодат фаќат ваќте ба адст меояд, ки ту битавонї фарќи миёни пулро бо баракат дарк кунї””.

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.