ХАРБУЗА

Ба сўи хонаи бибиям давидам. Аз долон гуаштаму ба њавлї расидам. Сарам ба хўшањои ангўр мерасид, мисли тасбење, ки бандаш пора мешавад, пеши поям рехт. Донањо ба чор тараф меѓелиданд ва ман пушташон медавидам. Чанд донааш гум шуданд, чанд тои дигар зери поям монданд. Ќумрињо аз сари суфраи рангоранги боѓча баланд шуданд ва ѓур-ѓуркунон лаби бом рафтанд.

Нафас-нафасзанон расидам канори замини њавлї. Дар баѓалам харбуза ва дар пешам писарамакам буд, мехост харбузаро соњиб шавад. Рўбарўям бобоям дар гўшаи айвон хоб буд.

Нигоњам ба гурбача афтод, ки мисли ман пушти гулњо нињон аст ва њарос дорад. Ман мехостам аз дасти  писарамакам халос шавам, гурба мехост аз њамаи одамњо халос шавад. Ба канори њавлї давида, шохањоро мекашидаму сар медодам чун гурз ба сари писарамакам мезаданд. Бо шитоб омадам рўи аймон.

Ќафаси тўтї дар њавз афтод. Тўтї як суханро гуфтан ёд гирифта буд: “рост мегўяд, рост мегўяд”. Пеши љонамози бибиям истода будам. Писарамакам аз роњи пилла боло рафт. Ман мондаму ѓунчањои ангур, гурбаи тарсончак ва тўтии дар њавз афтода.

Бобоям бедор шуд ва нигоњаш тањдидомез буд. Аз тарс ќариб мурда будам. Намозхонии бибиям тамом шуд. Њамеша лабханд дошт. Ба ман ишора кард, ки ба рафи пушти бом фирор кунам.

Боло расидам, ки писарамакам нишастааст. Ба худ гуфтам, ки бо њам харбуза хўрем бењтар аст аз ин ки дубора пеши бобоям оям. Донањои харбузаро пинњон кардам. Љои хоби мо рўи айвон буд.

Бибиям бароям ќисса мехонд. Дар ќиссањояш ёдовар мешуд, ки дунё њамингуна аст, дар њоли талош ва давидан. Одам калонтар шуд, харбуза њам калонтар мешавад. Баъд аз рафтани ту ман њама љоро дуруст кардам, мисли аввалияш.

Бибиям љонамози шусташударо аз рўи тори либосовезї бардошт. Онро поку тоза кард. Бибиям ба гапаш идома дода, гуфт: “њама чиз омад ба њолати аввалии худ, ба љуз муњри ёдгори падарам. Ёдатон бошад, њангоми давутоз боэњтиёт бошед, рўи муњра по нагузоред.

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.