АЌЛИ КУЛ

Сањар дар ќањвахона ќањва хўрданро он ќадар дўст намедорам. Вале агар даъват шудам, бо камоли майл њозир мешавам.

Субњ бо даъвати Умед рафтам ќањвахонаи “Њасан оќо”, рўбарўи боѓи “Љањоннамо”. Ин ќањвахона одоби худашро дорад. Њама танготанг канори њам менишинанд ва коре ба якдигар надоранд. Фазои он љо бисёр хуб аст. Њама ба якдигар эњтиром доранд.

Баъд аз субњона бояд мерафтем идораи молиёт, барои њамин каме шитобзада будем. Ду стакон чой ва набот супориш додем. Ќањвахона серодам буд. Парвандаи молиётамро рўи миз мондам. Марди миёнсоле канори мо нишаста буд. Пешаш ду то зарфи чинї ва чанд истакони холї буд. Маълум буд субњонаашро хўрда аст ва њоло истироњат дорад. Парвандаро бардошт, нигоње кард ва гуфт:

“Оњо! Ту њам идораи молиёт меравї? Ин молиёт то сад соли дигар њам маро пайдо намекунад”.

Аслан кораш бароям хушоянд набуд. Хеле љиддї гуфтам: “Бале” ва нишастам. Умед бо ишора ба ман фањмонд, ки идома надињам. Садои телефони Умед баланд шуд. Умед нигоње андохт ва ба занг љавоб надод. Садои телефонашро хомўш кард ва рўи миз гузошт. Дар бораи кори косибии наве, ки дар назар дошт оѓоз кунад, суњбат карданї шуд. Гуфтам: “Умедљон, аз њама чиз муњимтар доштани як мушовири молиёт аст. Ман таљриба кардам, агар як одами ботаљриба дар канорат бошад, њам њаќќи худатро медонї, њам маќсадатро. На њаќќи ту зоеъ мешавад, на њаќќи буљаи давлат. Дубора ба телефони Умед занг омад, аммо Умед таваљљуње накард.

Марди миёнсол ба сари шонаи Умед заду гуфт: “Оќо, ин бандаи Худо худашро кушт, намехоњї ба зангаш љавоб дињї?!” Умед бо тааљљуб нигоње ба мард кард ва гуфт: “На, аз хона занг мезананд, баъдан худам тамос мегирам”.

Њасан оќо ду стакон чой ва набот барои мо овард. Мард рў ба Њасан оќо кард ва гуфт: “Ин бандањои худо њам ду то чой супориш дода буданд!” натавонистам хандаамро боздорам. Ором ба Умед гуфтам: “Аљаб одаме! Ба њама кор њамроњ аст, ба љуз кори худаш!” Умед лабханде зад ва гуфт: “бигзораш, аз мушовири молиёт гап зан”. Гуфтам: “бубин, ин муддат ки рафтуомадам ба идораи молиёт зиёд шуд, фањмидам, ки бояд чанд нав молиёт дињам; молиёти даромад, молиёт бар арзиши иловашуда, баъзе молиёт барои додугирифт. Давлат аз нафт бештар ба даромади молиёт такя мекунад, ки ин бењтар аст. Усули нав барои љамъоварии молиёт ба кор рафтан дорад-бо роњи электронї пардохтани он. Танњо бояд техника ваи технологияро хубтар омўзї”. Дар ин њангом Умед телефонашро нигоњ кард, ки касе занг задааст ё на. Мард гуфт, касе занг назадааст, як маротиба аз хона занг омаду бас. Ман гуфтамаш: “ман медонам, ту ба фикри худат бош”. Њама хандиданд. Њасан оќо ду то чойи набот барои мо овард ва ба мард гуфт: “ Эй марди булфузул, куштї моро! Фикр мекунї агар ба коре дахолат накунї нотамом медонад? Аз паи кори худат бош!” Умед дасташро ба шонаи мард гузошт ва баланд шуд ва бо садои ором ба ў гуфт: “Аз пардохти молиёт рў тофтан њаќќи њамватанонро зоеъ кардан аст. Ба љои телефони маро нигоњ кардан, аз паи супоридани молиёти худ бош, то пардохти молиёт як моњ ваќт мондааст”.

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.