ПАЊЛАВОНИ ЛОФЗАН

Зани босалобате ба назар мерасид. Оромиш ва итминони хосе дар сураташ пайдо буд. Маълум буд, ки корашро хуб медонад. Њанўз навбати ман нашуда буд.

Ду марди љавон пеши мизаш нишаста буданд. Зан бо хома номњои дохили дафтарро хат ба хат медид, болову пойин меомад. Гоњ-гоње бо мошини њисоб зарбу љамъ мекард. Хомаашро байни дафтар гузошт ва дафтарро пўшид. Дасташро зад зери чонааш ва аз болои айнак љавонњоро тамошо мекард. Лањазоте дар сукут гузашт. Нафасе, ки дар сина њабс кардаро берун дод ва гуфт: “Он шарикатонро садо кунед, бароятон як ќисса бигўям”.

Яке аз мардњои љавон аз утоќ хориљ шуд ва марди дигаре баргашт. Нишастанд. Хонум њамон тавре, ки аз болои айнак ба онњо нигоњ карду гуфт: “Чанд љавон байни њам мусобиќа гузоштанд, ку бинем кадоме аз мо тавонотар аст”. Як машк равѓан оварда буданд, мељунбонданаш. Ќарор ин  буд, ки њар кас охирин ќатраи равѓанро бо фишор аз машк берун кашад ѓолиб дониста мешуд. Машк холї шуда буд ва дигар њар чи фишор медоданд аз он равѓан берун намеомад. Пирамарди лоѓар ва нањифе аз он љо мегузашт. Яке аз љавонњо барои ин ки бо ў сарбасар шавад, пирамардро садо зад ва гуфт, падарљон, биё бо њам мусобиќа мекунем. Пирамард пурсид, ки чї мусобиќа аст? Љавон гуфт мо њама равѓанњоро аз машк берун овардем, шумо агар пањлавонед, биёед ва худро санљед. Љавонњо пирамардро масхара мекарданду механдиданд. Пирамард медонист, ки бояд аз ин мусобиќа сарбаланд берун барояд. Асояшро зери баѓал гузошт ва машкро дар дохили даст гирифт. Хеле ором ангуштонашро бурд зери гирањњои дасту поча ва нофи машкро лула кард ба самти гардан. Андозаи нисфи истакон равѓан берун омад. Љавонњо тааљљуб карданд, бовар намекарданд, ки пирамард бо ин лоѓарї ва нимаљонї тавони ин корро дошта бошад”.

Хонум аз сари љояш баланд шуд ва кондисионерро рўшан кард. Рў кард ба мо ва пурсид: “Медонед чаро пирамард муваффаќ шуд?” Њама гиљ будем, љавобе надоштем. Гуфт: “Чун корманд бознишастаи имрўзи молиёт буд” ва хандид.

Ман њам хандидам. Рў ба љавонњо идома дод: “Шумо барои ман ки мушовиратон њастам, санадсозї кардед ва иттилооти ѓайривоќеї овардед. Њатман интизор доред, ки коршиноси бо таљрибаи молиётї њам нафањмад? Ман ки инњоро надида мегирам, шумо њам то ваќт њаст биравед мадорикро омода кунед”. Баъд аз рафтани љавонњо пурсид: “чї тавр фањмидед, мадорик ѓайривоќеї аст” зан хомаашро ба ман нишон дод ва гуфт: “Медонї чанд то хома пештарро аз шумо тамом кардам?” хандид ва идома дод: “Ададњо бо мо рафиќанд ва бо мо њарф мезананд. Албатта њисоби њисобдорњо ва моличињо аз боќимондањо људост. Агар аз як њисобдор, ки савори асб аст, савол кунї, ки асбат чанд то дасту по, бодиќќат мешуморад ва мегўяд, чањор то”. Хандидем. Идома дод: “Ман, ки як мушовири маъмулї њастам, росту дурўѓро ташхис медињам” Њоло фикр мекунї як коршиноси молиётии таљрибадор намефањмад? Мутмаин бош, агар биноро ба садоќат бигузорем, шира ва дўѓ бо њам омехта намешавад ва њаќ ба њаќдор мерасад”.

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.