ЊАМСАФАР
دوشنبه 16 مهر 1403
بازدید: 0
Аввалин бор буд, ки бо ў мусофират мерафтам. Шунида будам, ки агар хоњї касеро дуруст бишносї бо ў њамсафар бош. Њоло бо ў њам њамсафар шуда будам њам њамсуфра.
Марди њафтодсолае, ки умрашро ба донишомўзї ва омўзгорї гузаронда буд ва њоло њар сухану амалаш барои ман дарс буд. Ў омўзгори ман шуда буд ва ман донишомўзи ў. Бо њар кас рубарў мешуд баъд аз салом ташаккур мекард. Гуфтам: “устод, салом бисёр писандида аст, аммо маънои ташаккур ва сипосгузории шуморо намефањмам. Шумо аз одамњои ѓарибае, ки аввалин бор мебинед, ташаккур мекунед”. Нигоњи пурмаъное ба ман афканду гуфт: “аз буданашон ташаккур мекунам. Аз ин ки маро танњо нагузоштаанд. Тасаввур кун дар кўча роњ гардї аммо касеро набинї, бо касе њамсуњбат нашавї. Бояд дасти так-такашонро бўсид”.
Нимрўзи тобистон буд, бояд аз истгоњи метро то мењмонхона пиёда мерафтем. Сари чорроњоња милисаи љавоне истода буд. Ваќте ба ў расидем, устод салом кард ва гуфт: “писарам аз ин ки ба хотири ман љумъа, шанбе, якшанбе бо ман будед ва маро њамроњї кардед, сипосгузорам”. Дасте ба рўи шонаи љавон гузошт ва сарашро наздик карду гуфт: “зимнан бобати ин ки барои роњатии ман гармои асфалти доѓро кафи попўшро њам тањаммул мекунад, сипосгузорам”. Лабханди зебое рўи лаби љавон нишаст ва гуфт: “падарљон, мутмаин бош то як њафта, лабханд рўи лаб хоњам дошт ва саломи шуморо њам хоњам расонд”.
Маълум буд, ки њарфњои устод ба дилаш нишаст. Албатта, лабханди милисаи љавон ба ман њам таъсири мусбат расонид. Рўзи аввали истиќоматамон дар мењмонхона гуфт барои мо як ташт биёред як зарфи 20 литра. Пеш аз њаммом кардан обро дар ташт боз мекард ки гарм шавад ва обе, ки љамъ мешуд, мерехт дар зарф. Бегоњ зарфро њамрохаш мебурд пушти мењмонхона. Он љо чой менўшид ва гулњоро об медод. Чанд рўзе, ки дар мењмонхона будем бо њама кормандони мењмонхона шинос шуд ва њама ўро дўст доштанд. Пеш аз он ки аз мењмонхона равем, мудири мењмонхона дар дасташ зарф омад пеши мо. Устод тавзењ дод, ки бо он обе, ки мебоист дар мењмонхона бархадар равад, замини мењмонхонаро сабз карда аст. Аз кисааш ќаламе баровард, наќшаи содае кашид ва ба мудири мењмонхона доду гуфт: “мо ду нафар таќибан њар ду рўз бист литр об љамъ мекардем. Агар битавонед ин корро ба баќияи мењмонон њам омўзиш дињед, бо ин об метавонед атрофи мењмонхонаро сабз нигањ доред”. Бо ханда ба устод гуфтам: “сипосгузор њам њастед”. Хандиду гуфт: “писарљон, мардум аз мо фаќат худамонро мехоњанд, на бештару на камтар. Бо каме фикр ва оќибатандешї дунёи худро обод мекунем”.
Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ
Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек
Китоби як саҳифа
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.