ХОБУ ОБ

Чўпон ба кафшдўз гуфт: “кафше хоњам, ки бо сахтии сангу тундии хошок ва пойи маро дар ноњамворињо марњам гардад. Ба солњои дароз маљрўњ ва пора нашавад ва њамсафари ман бошад побапои гўсфандон!” Кафшдўз гуфт: “туро он дињам, ки хоњї, лекин ту низ чашми маро ба роњи баракати гўсфандон рўшан соз. Ёд дорам, ки туро ду гўсфанд буд ва ду то саг. Шунидам, ки саг ду бор дар як сол њомиладор мешавад ва њар бор шаш бача таваллуд мекунад, медонам ки гўсфанд дар як сол як бор мезояд ва он њам як, баъзан ду бача. Бо ин њол бояд туро галањое аз саг бошад. Њол он ки гўсфандонат бешуморанд ва сагњоят ангуштшумор”. Чўпон гуфт: “бигзор кафшро биёзмоям ва он гоњ чароѓи рози гўсфандонро рўшан созам”.

Рўзњо гузашт ва кафшдўз кафше омода кард. Чўпонро гуфт: “ин чунон аст, ки хоњї, аз тулуъи офтоб ба пой даркаш ва кўњу сањроро биков, аммо чун офтоб ѓуруб кард, ѓубор аз рахш баргир ва дар кунље бинењ то ќарор гирад ва ором!”

Чўпон солњо бад-он кафш дар кўњу сањро гўсфандон ва бузњоро ба чаро бурд, шабњангом хок аз кафш баргирифт. Сањаргоњон чун рўзи нахуст кафшро дурахшон ёфт ва ба пой кард!

Солњо рафт. Рўзе ба назди кафдўз омаду гуфт: “ман аз ин афзор серам, чї кунам аз он халосї ёбам?” Кафшдўз гуфт: “се шабонарўз пок аз кафш дарнакаш!” Чўпон чунин кард, рўзи саввум кафш зор гашт ва барќи чењрааш хомўш, дижам шуд ва пора ва фусурда! Чўпон ба назди кафшдўз шитофт ва гуфт: “кафши маро чи рамзе аст, ки љабру љафои сангу сахра ба солњои дароз бар вай асар накард, аммо дар ин чанд рўз ин чунин аз њам гусаст?” Кафшдўз кафшро ишоратї кард ва гуфт: “манагар кафшро аз хислати одамизода сохтам то агар аз сахрагоњ то ѓуруб мењнат ва сахтї кашад, ба оромиш ва хоби шабона хастагї аз тан ба дар кунад, субњгоњон агар одамї ду шаб хобро бистонанд, ки агар Рустами замона бошад, аз пой дарояд! Рамзи ин кафш хоб аст ва хоб одамиро аз љоњу маќому зару сим некўтар бошад”. Ин гуфт ва фармуд: “рамзи кафшро ошкор сохтам, ту низ ањде, ки додї ба ёд ор ва рози гўсфандонро бинамой”. Чўпон нигоње саросар сипос ба кафшдўз андохту гуфт: “рамзи ин поязол ончунон ки гуфтї дар хоб буд ва рози гўсфандон дар об. Об љилваи покї аст ва гўсфанд нигањдори покї. Хислати меш хислати об аст, лаб љуз бар хўроки пок намерасонад ва дањон љуз ба покї бар об намекушояд. Њурмати об ўро баракат мебахшад ва наслаш ба фузунї мегарояд ва саг бо њама вафодорияш обро бо пўзаи ба хун олуда менўшад ва пойи палид бар чашмаи об менињад ва баракати обро аз худ мегурезанд. Ин аст ки фазлаи гўсфандон мўчиби дарахту гиёњ аст ва саргини саг далели ќай ва беморї. Рози об покї асту рўшної, ки агар муќаддас ангошта шавад, баракат ба армуѓон овардан ва саодату њол ва чун муњтарам дошта нашавад зорї дар пай орад ва парешонї ва малол”.

 

Муаллиф: МАЊДЇ МИРАЗИМЇ

Тарҷума аз ҷониби: доктор Насим Бек

Китоби як саҳифа


   نظرات
دیدگاه های ارسال شده توسط شما، پس از تایید مدیر سایت در وب سایت منتشر خواهد شد.
پیام هایی که حاوی تهمت یا افترا باشد منتشر نخواهد شد.
پیام هایی که به غیر از زبان فارسی یا غیر مرتبط با خبر باشد منتشر نخواهد شد.